Central AsianResearch Index

ХУСУСИЯТҲОИ ХАРОҶОТИ ТРАНСАКСИОНӢ ВА ОМИЛҲОИ БА СОХТОРИ ОНҲО ТАЪСИРРАСОН

Зикр шудааст, ки дар давраи муосир, вақте ки муносибатҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти таъсири қонунҳои бозорӣ ташаккул меёбанд, ба онҳо мутобиқ гардидани хоҷагии халқ зарурати объективӣ мебошад. Дар иқтисоди бозорӣ иқтисоди анъанавии аграрӣ ҷойи муҳимро ишғол мекунад. Шароитҳои асосии мавҷудияти муҳити солими бозорӣ , низоми иқтисодӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ , коҳиш додани хароҷоти трансаксионӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ баррасӣ шудаанд. Собит гардидааст, ки чунин коҳиш ба туфайли ҳалли вазифаҳои зерин ба даст меоянд: таъмини сохтори оптималии моддии низоми хоҷагидорӣ, таҳияи низомҳои нави иттилоотӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои навтарини бозорӣ чун имконияти истифодаи пешрафти илму техника дар иқтисодиёти анъанавии аграрӣ . Дар хотир доштан лозим аст, ки афзалият дар шароити рақобатии ҳозира амалан пурра аз ҳисоби инноватсия ва технология, схемаҳои самараноки идоракунӣ, ҳамчунин ташкили боэътимоди пешбурди мол ба даст меояд.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 101, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП