ХУСУСИЯТҲОИ ГИБРИДИИ ГЕРУНД ДАР ЗАБОНИ АНГЛИСӢ
Мақолаи мазкур ба таҳлилу баррасии муфассали хусусиятҳои исмӣ ва феълии герунд ( gerund ) дар забони англисӣ бахшида шудааст. Герунд , ки яке аз шаклҳои ғайришахсии феъл аст, дорои хусусиятҳои дугона – ҳам исмӣ ва ҳам феълӣ мебошад, ки онро дар сохтори грамматикии забони англисӣ хеле мураккаб ва дар айни замон муҳим мегардонад. Дар мақола, аввалан, ба таърифи герунд ва ҷойгоҳи он дар системаи феълии забони англисӣ диққат дода мешавад. Сипас, хусусиятҳои исмии герунд , аз қабили иҷро намудани вазифаҳои субъекту объект, пуркунандаи пешояндӣ ва қисми номии хабар бо мисолҳои мушаххас таҳлил мегарданд. Ҳамчунин, қобилияти герунд дар қабули артиклҳо ва сифатҳои соҳибӣ, ки онро ба исм наздик месозад, мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар баробари ин, мақола ба хусусиятҳои феълии герунд , аз ҷумла қобилияти он дар қабули пуркунандаи мустақим, зарфҳои тарзи амал ва доштани замон (perfect gerund ) ва сиға (passive gerund ) таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ин хусусиятҳо нишон медиҳанд, ки герунд ҳангоми иҷрои вазифаҳои исмӣ, ҷанбаҳои феълии худро аз даст намедиҳад ва метавонад мисли феъл амал кунад.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 9, № 2 (соц.-гум.)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан