ХУСУСИЯТЊОИ ФАЪОЛИЯТИ МОИ: ЉАНБАЊОИ НАЗАРИЯВЇ ВА АМАЛЇ
Дар мақолаи мазкур љанбаҳои назариявї ва амалии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодї мавриди тадқиқ қарор дода шудааст. Тадқиқот нишон дод, ки дар адабиёти иқтисодї ва тадқиқоти илмї мафњуми ягонаи МОИ вуљуд надорад. Бинобар ин, мафҳуми МОИ бо назардошти таъиноти функсионалї ба таври гуногун шарҳ дода мешавад. Дар рафти тадќиќот маълум гардид, ки аксари муаллифон бар он аќидаанд, ки хусусиятњои умумии таъсис ва фаъолияти МОИ ин ба сармоягузорон додани низоми махсуси пешбурди фаъолияти иќтисодї ва мањдудияти њудудии минтаќае, ки режими махсус дар он амал мекунанд, мебошанд. Муаллифон дар натиљаи тадқиқот таснифоти минтаќањои озоди иќтисодиро аз рўйи самти фаъолият ба шаш гурўҳи асосї, аз љумла минтаќањои озоди савдо (транзитї), минтақаҳои озоди иќтисодии содиротї, минтаќањои озоди иќтисодии махсусгардонидашуда, минтақаҳои озоди иқтисодии бисёрфунксионалї, минтаќањои озоди иќтисодии инноватсионї (илмї ва истеҳсолї) ва минтаќањои озоди иќтисодии наздисарҳадї људо намудаанд. Њамзамон, воридоти ҳаљми сармоягузориҳо, истеҳсоли маҳсулоти саноатї ва таъсиси љойҳои нави корї дар МОИ Љумҳурии Тољикистон мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Дар маљмуъ, тадқиқот нишон дод, ки минтаќањои озоди иќтисодї самаранокии худро дар бисёр мамлакатњои 319 љањон нишон дода, фаъолияти онҳо аз ҳадафҳои таъсисдињї вобаста аст. Дар баробари ин, ќайд гардидааст, ки ташкили минтаќањои озоди иќтисодї яке аз усулњои самаранок љалб кардани сармояи хориљї ба шумор рафта, фаъолияти онҳо на танҳо ба рушди минтақа, балки ба иќтисодиёти миллї мусоидат мекунад. Њамин тавр, ташкили минтаќањои озоди иќтисодї самаранок фаъолият намудани љараёнњои иќтисодиро муайян намуда, ба афзоиши неруи содиротї, вусъатдиҳии шуѓли ањолї, азнавсозии саноат, воридоти технологияҳои муосир ва азхудкунии истифодабарии онҳо заминаҳои мусоид фароҳам меоваранд.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 1 (35)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет