Central AsianResearch Index

ХУСУСИЯТҲОИ АУДИТИ САМАРАНОКӢ ДАР НИЗОМИ АУДИТИ МУСТАҚИЛИ ДАВЛАТӢ

Дар мақолаи мазкур мубрамияти аудити мустақили давлатӣ оварда шуда, он ҳамчун шакли мукаммали ташкил ва амалӣ намудани фаъолияти назоратию санҷишие, ки тавассути он вазифа ва ваколатҳои мақомоти ваколатдори аудити бахши давлатӣ-Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад, дар назар дошта шудааст. Муаллифон қайд менамоянд, ки аудити самаранокӣ ва аудити молиявӣ ба як қатор принсипҳои умумии назорати молиявӣ асос ёфта, дар баробари ин, мазмуни гуногуне доранд, ки сабаби он хусусияти духела доштани натиҷаҳои тафтишшавандаи истифодаи воситаҳои давлатӣ мебошад. Дар мақола мафҳуми аудити мустақили давлатӣ ҳамчун низоми чораҳои таҳлилию ташхисӣ ва баҳодиҳию санҷишии сохторҳои давлатию буҷетӣ шарҳ дода шуда, намудҳои он аз қабили аудити молиявӣ , аудити самаранокӣ ва аудити натиҷанокӣ тавсиф карда шудааст. Дар қисмати таҳлилии мақола тавсифи муқоисавии аудити молиявӣ , аудити самаранокӣ ва марҳилаҳои гузаронидани аудити самаранокии истифодаи воситаҳои давлатӣ дар шакли ҷадвали таҳлилӣ оварда шудааст. Инчунин, дар ин қисмати мақола хусусияти методикаи аудити самаранокӣ оварда шуда, дар ин самт муаллифон қайд кардаанд, ки методикаи аудити самаранокӣ маҷмӯи чораҳоеро дар бар мегирад, ки ба самти ҷамъоварии далелҳо, санҷиши самараовари воситаҳои давлатӣ ва хулосабарориҳо нигаронида шудаанд. Аз таҳқиқи гузаронидашуда метавон хулоса кард, ки перомуни такмили механизми аудити самаранокӣ пешниҳодҳои ҷолиб манзур шудаанд ва ин пешниҳодҳо татбиқи ҳалли муаммои дар таҳқиқот гузошташударо таъмин менамоянд.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 3 (27)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет