ХУСУСИЯТҲОИ АСОСИИ ТАВАККАЛИ ХОҶАГИДОРӢ
Дар шароити иқтисоди бозорӣ корхона метавонад бо баланд бардоштани самаранокии фаъолияти худ дар рақобат муваффақ шавад. Барои таъмини фаъолияти самараноки ширкат идоракунии дурусти корхона зарур аст. Унсури муҳимтарини идоракунии хоҷагӣ таҳлили фаъолияти иқтисодии он мебошад. Бо ёрии таҳлили фаъолияти иқтисодии ташкилот тамоюлҳои умумии рушди корхона омухта, сабабҳои тағйироти натиҷаҳои фаъолият таҳқиқ карда мешаванд, нақшаҳои рушди корхона тартиб дода, тасдиқ карда мешаванд ва қарорҳои идоракуни кабул карда мешаванд. ба амал бароварда, рафти иҷрои нақшаву қарорҳои тасдиқшуда санҷида, захираҳои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва ба натиҷаҳои фаъолияти корхона баҳо дода, стратегияи иқтисодии тараққиёти он тартиб дода мешавад.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 3 (42)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет