ХУСУСИЯТҲОИ АРЗЁБИИ САМАРАНОКИИ ИДОРАКУНИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ»
Хусусиятҳои арзёбии самаранокии идоракунии рушди иқтисоди сабз дар шароити муосир мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Зарурати идоракунии рушди иқтисоди сабз ҳамчун омили таъмини рушди устувор асоснок карда шудааст. Муайян шудааст, ки дар шароити кунунӣ самаранокии идоракунии рушди иқтисоди сабз бо роҳҳо ва тарзҳои гуногун, бо истифодаи нишондиҳандаҳои хос арзёбӣ мегардад. Дар натиҷаи таҳлили асосҳои методии арзёбии сатҳи идоракунии иқтисоди сабз муайян карда шуд, ки он дар ду марҳила ба амал бароварда мешавад. Нишондиҳандаҳои калидии арзёбии сифати идоракунии рушди иқтисоди сабз дар заминаи самтҳои асосии рушди иқтисоди сабз , ки дар Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ифода ёфтаанд, муайян карда шудааст. Ҳамзамон, низоми нишондиҳандаҳое, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ барои арзёбии сифати идоракунии рушди иқтисоди саб истифода мешавад, мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатии рушди иқтисоди сабз тавсияҳои зарурӣ пешниҳод гардидаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 105, № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП