Central AsianResearch Index

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ КАФИЛИ ТАКОМУЛИ ВАҲДАТУ СУБОТ ДАР ҶОМЕА

Мавзуи худшиносии миллӣ ва нақши он дар таҳкиму тақвияти суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баррасӣ шудааст. Мафҳумҳои “ ваҳдати миллӣ ”, “ худшиносӣ ” ва “худшиносии миллӣ” аз нигоҳи таърихӣ ва фалсафӣ ба риштаи таҳлил кашида, аз диди замони нав тафсир шудаанд. Ибтикороти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти ташаккули сиёсати фарҳангӣ судманд арзёбӣ шуда, баробари ин ба зарурати эҳёи ҳофизаи таърихии миллат , гиромидошти таъриху фарҳанг , забони модарӣ ва суннату анъанаҳои неки гузаштагон таъкид гардидааст. Бо зикри таҷрибаи таърихии Тоҷикистон дар даврони ҷанги таҳмилии солҳои 90-уми асри гузашта, дур шудан аз аслу асолат, худшиносии миллӣ ва бегонашавиро сабаби аслии сар задани бесуботии сиёсӣ донистааст. Барои кам намудани таъсири пайомадҳои ногувори раванди ҷаҳонишавӣ ва пешгирии хатари падидаҳои дигар, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ба амнияту суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ , зарурати андешидан ва роҳандозӣ намудани як силсила чораҳои муассир таъкид шудааст, ки дорои қимати амалӣ ва назариявӣ мебошанд.

Сведения

Опубликовано
2025 · Т. 102, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП