ХОТИРАҲОИ МУҲАММАД ҲАКИМХОН ДАР БОРАИ АМИР ДӮСТ МУҲАММАДХОН
Дар мақола маълумоти яке аз сарчашмаҳои ҳавзаи таърихнигории Қӯқанд “ Мунтахаб ат-таворих” -и Муҳаммад Ҳакимхон доир ба шахсият ва фаъолияти амири Афғонистон Дӯстмуҳаммадхон оварда шудааст. Таъкид шудааст, ки « Мунтахаб ат-таворих» сарчашмаи нодир оид ба таърихи хонигарии Қӯқанд ва аморати Бухоро ба ҳисоб рафт, дар баробари ин дар омӯзиши вазъи сиёсии Афғонистон дар нимаи аввали асри XIX аҳамияти калони илмӣ дошта, ҳатто баъзе аз маълумоти Муҳаммад Ҳакимхон дар сарчашмаҳои таърихии ин кишвар инъикос наёфтаанд. Муҳаммад Ҳакимхон дар асараш дар бораи амири маъруфи Афғонистон Дӯст Муҳаммадхон, ки шахсан мешинохт ва робитаҳои дустӣ дошт, маълумоти хеле ҷолибу шавқангез овардааст, ки барои муайян намудани лаҳзаҳои ҳаёт ва фаъолияти ин шахси таърихӣ ва таърихи Афғонистон қобили аҳамиятанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 4 (77)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова