Central AsianResearch Index

ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ТАЪЛИМЇ ДАР МУАССИСАИ ТАЊСИЛОТИ ОЛИИ КАСБЇ: МАФҲУМ, ОМИЛЊО ВА РАВАНДЊОИ АСОСЇ

Дар мақола мафҳуми хизматрасониҳои таълимӣ мавриди баррасӣ ва таҳқиқ қарор дода шуда, раванди ташаккули ин хидматҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳлил гардидааст. Хулосабарорӣ шудааст, ки хизматрасониҳои таълимӣ яке аз манбаъҳои асосии рушди муносибатҳои таълимӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ буда, дигаргунсозандаи равандҳои таълимии низоми таҳсилот, иқтисодиёти соҳаи маориф ва дар умум, иқтисодиёти миллӣ мебошад. Таҳқиқ ва таҳлили мафҳуми хизматрасониҳои таълимӣ боис гардид, ки омилҳо ва равандҳои асосии ин хидматҳо муайян карда шавад, алоқамандию вобастагӣ ва таъсири мутақобилаи байниҳамдигарии низоми таҳсилот, равандҳо, хидматрасониҳо ва натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ дар шакли амсилаи консептуалии сифати таҳсилот инъикос ёбанд. Дар раванди таҳқиқот, инчунин, нақш ва мавқеи бозори хизматрасониҳои таълимӣ дар рушди иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Таҳқиқи масъалаи мазкур нишон дод, ки бозори хизматрасониҳои таълимӣ шохаи махсуси иқтисодиёти муосири мамлакатро ташкил медиҳад ва метавонад дар рушду такомули сатҳу сифати соҳаи таҳсилот, самаранокии раванди таълим ва дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир гаштани маҳсулоти асосии он – мутахассисони ватанӣ, нақши муассир дошта бошад.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 1 (25)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет