Central AsianResearch Index

ХАВФҲОИ ВОБАСТА ВА ТАРТИБИ ТАНЗИМИ ОН ДАР НИЗОМИ БОНКИИ КИШВАР

Дар мақола муаллиф вазъи низоми бонкии кишвар ва аз љумла, фаъолияти бонкҳои тиљоратиро мавриди омўзиш қарор додааст. Муаллиф бо такя ба маводи мављуда хавфҳои марбут ба низоми бонкии кишварро мавриди таҳлил қарор дода, қайд намудааст, ки дар сохтори фаъолияти амалиѐтии бонкї, ки доираи анљоми он хеле васеъ мебошад, хавфҳои марбут ба амалиѐтҳо вобаста ба самт ва сатҳ зиѐд мушоҳида мешаванд. Ба андешаи муаллиф, дар шароити муосири рушди иқтисодї ва дар натиљаи афзоиши ҳаљми амалиѐти бонкї ва васеъшавии доираи хизматрасониҳои институтҳои молиявї, аз љумла бонкҳои тиљоратї , дар баробари дигар хавфҳои мављуда, боз як навъи дигари хавфи бонкї кашф гардидааст, ки он фарогирандаи тамоми самтҳои афзалиятноки бонкї ба ҳисоб рафта, дар осебпазирии бонкҳои тиљоратї метавонад таъсири назарраси манфї расонад. Муаллиф қайд намудааст, ки ин намуди хавф хоси давлатҳое мебошад, ки як маротиба бо буҳрони молиявї дучор гардидаанд. Бар асоси таҳлилҳо, муаллиф иброз доштааст, ки низоми бонкии кишвар дар марҳилаи кўтоҳи таърихї бо ин намуди хавф якчанд маротиба рў ба рў гардидааст ва барои исботи он далелҳоро пешкаш намудааст. Ғайр аз ин, муаллиф роҳҳои коҳиш додани ин намуди хавфҳоро ифшо намуда, онро дар асоси хавфҳои марбут ба низоми бонкии кишвар мавриди омўзиш қарор додааст.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 1 (30)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет