Central AsianResearch Index

ХАВФҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА РОҲОИ ҲАЛЛИ ОН ДАР КИШОВАРЗӢ

Дар мақолаи мазкур, хавфу хатари сармоягузори дар соҳаи кишоварзӣ аз ҷиҳати назариявӣ вобаста ба шароити имрузаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шуда, ҳамзамон барои такмили роҳу усули пешгири аз хатарҳои мавҷуда пешниҳодҳо гардидааст. Бояд қайд, ки дараҷаи хавфи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, чунин хулоса намудан мумкин аст, ки таъсири хавф на аз ҳаҷми маблағҳо, балки аз лоиҳаҳои сармоягузории татбиқшаванда дар минтақаҳои кишвар ва аз захираҳои таъминнокии онҳо вобастагӣ дорад. Хавфи лоиҳаи сармоягузорӣ ин дараҷаи нагирифтани фоида ҳангоми татбиқи он мебошад. Аз ин рӯ, мафҳуми хавф бояд ҳамчун номуайяние, ки бо эҳтимолияти пайдоиш ҳангоми татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ алоқаманд аст, фаҳмида мешавад. Ҳамзамон, интихоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои дохил намудан ба Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ бояд аз рўи меъёри ба инобат гирифтани дараҷаи хавф , махсусан дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода шавад. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки таъсири хавфҳои гуногун на бештар аз ҳаҷми захираҳое, ки барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ ҷалб шудаанд, балки аз минтақае, ки татбиқи лоиҳа дар он ба нақша гирифта шудааст, мавриди таҳқиқ қарор гирифта аст.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 3 (42)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет