ХАТАРИ ҚАРЗЇ ВА ОҚИБАТҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ОН
Дар шароити ҷаҳонишавї муносибатҳои гуногуни ҷанбаи иқтисодӣ ва афзоиши таъсири манфии ин равандҳо ба низоми бонкию молиявӣ як қатор хавфҳои бонкиро ба миён овард. Дар сатҳи низоми бонкӣ ва даромаднокии он масъалаи сандуқи қарзии он яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, тамоми ташкилотҳои қарзӣ кӯшиш менамоянд, ки сифати сандуқи қарзии худро беҳтар намуда, ҳиссаи қарзҳои муаммодорро дар маҷмуи умумии қарзҳо коҳиш диҳанд. Бо назардошти баланд гардидани сатҳи хавфҳои низоми бонкӣ ва махсусан, хавфҳои сандуқи қарзии низоми бонкӣ , муаллиф кӯшиш намудааст, ки мушкилоти мавҷуда ва сатҳи хавфи сандуқи қарзиро арзёбӣ намояд. Ғайр аз ин, дар мақолаи мазкур дурнамои рушди сандуқи қарзии низоми бонкӣ ва сифати он таҳлил гардидааст. Бо ҳамин зарурат, нашри мақола метавонад дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта то як андоза мусоидат намояд.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 4.1 (33)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет