ХАРОҶОТИ СОҲАИ СОХТМОН ВА БАҲИСОБГИРИИ ОН
Хусусиятҳои хоси ташкили истеҳсолоти соҳаи сохтмон ба тартиби баҳисобгирии муҳосибӣ дар сохтмон таъсири калон мерасонад. Мақолаи мазкур ба омўзиши баҳисобгирии муҳосибии хароҷоти соҳаи сохтмон дар мисоли фаъолияти ташкилотҳои сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Яке аз вазифаҳои асосии баҳисобгирии муҳосибии соҳаи сохтмон дуруст ба ҳисоб гирифтани хароҷоти ширкатҳои сохтмонӣ ва дақиқ ҳисоб кардани арзиши аслии корҳои сохтмонию васлкунӣ мебошад. Арзиши аслии сохтмон , ки асоси нархгузории биною иншоот ва корҳои сохтмонию таъмирӣ ҳисоб меёбад, яке аз объектҳои асосии баҳисобгирии муҳосибӣ ба шумор меравад. Ҳар қадаре ки арзиши аслии кору хадамоти сохтмонию васлгарӣ паст бошад, ҳамон қадар нархи фурўш метавонад паст бошад ва фоидаи ширкатҳои сохтмонӣ баланд шавад.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 4.1 (38)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет