ГУМРУК ВА АМНИЯТИ ИЌТИСОДИИ КИШВАР ДАР 30 СОЛИ ИСТИЌЛОЛИ ТОЉИКИСТОН
Дар маќола саҳму наќши маќомоти гумруки Љумҳурии Тољикистон дар ҳимояи амнияти иќтисодии кишвар дар солҳои истиќлоли Љумҳурии Тољикистон мавриди таҳќиќ ќарор дода шудааст. Муаллифон ќайд мекунанд, ки сиѐсати гумрукї ва тамоми љанбаҳои дигари фаъолияти гумрукї, (алалхусус, усулҳои татбиқи он, таъминоти моддию техникї, ҳуқуќї ва иттилоотї, кадрї, таъминоти илмї ва методии хадамоти гумрук) ҳанўз пурра љавобгўи талабот нестанд. Инчунин, ба андешаи муаллифон, Хадамоти гумруки Љумҳурии Тољикистон вазифадор аст, ки сиѐсати иқтисодиро амалї намояд, манфиатҳои иқтисодии кишварро ҳимоя кунад, дар доираи салоҳияти худ амнияти иқтисодї ва заминаи иқтисодии соҳибихтиѐрии кишварро таъмин кунад. Бо вуљуди ин, самти хоси масъулияти хадамоти гумрук ҳимояи манфиатҳои давлат дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориљї аз таҳдидҳои беруна, дохилї ва зарари мустақими моддї мебошад. Дар ин миѐн, мубориза бо љиноятҳои иқтисодї унсури муҳими таъмини амнияти иқтисодии кишвар мебошад. Таҳдидҳо ба амнияти иқтисодии Тољикистон дорои хусусиятҳои мухталиф мебошанд, аммо дар марҳилаи кунунї љинояткорї дар иқтисодиѐт ва коррупсия дар соҳаи идоракунии иқтисод, интиқоли љинояткоронаи арзишҳои милливу фарҳангї, маҳсулоти зеҳнї ва асъор, махсусан, хавфноканд.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 1 (30)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет