Central AsianResearch Index

ФУТУВВАТНОМАНАВИСИ ДАР АҲДИ КАМОЛИ ХУҷАНДИ

Раванди футувватноманависӣ дар замони зиндагии Камол Хуҷандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Таъкид шудааст, ки футувватноманависӣ огози асри Х рӯ ба рушд гузошта, дар ибтидои асри XIV ин ҷараён бештар авҷ гирифтааст. Махсус таъкид гардидааст, ки омӯзиши футувватномаҳо метавонад роҳро барои дарки осори суханварони асри XIV, махсусан, ашъори Шайх Камоли Хуҷандӣ ҳамвор намояд. Муҳтаво ва мавзӯи футувватномаҳо равшан месозад, ки бахши муҳимме аз насри ахлоқии форсу тоҷик маҳз дар ҳамин гурӯҳи осор маҳфуз мебошад. Муаллиф ба ин назар аст, ки ҳанӯз ҷои нашри муътамад ва интиқодии футувватномаҳо холӣ аст. Метавон бо такя ба дастхатҳои истифоданашудаи онҳо дар нашри матни мусаҳҳаҳи ин зумра осор қадами устувортар гузошт. Футувватномаҳо дар ташаккули насри ахлоқии асри XIV саҳми арзанда гузоштааст.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 3 (88)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП