ФАРҚИЯТ ДАР МЕТОДОЛОГИЯИ ТАРҶУМАИ ИСТИЛОҲОТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРӢ ВА ТАБИӢ-РИЁЗӢ (ДАҚИҚ)
Дар мақола фарқият байни методологияи тарҷумаи истилоҳоти илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ зери таҳлил қарор гирифтааст. Мафҳуми истилоҳоти илмҳои гуманитарӣ хеле равшан ва фаҳмо мебошанд, зеро дар ҳаёти рӯзмарра ҳамеша зери истифодаи нутқи одамон ҳастанд. Аз ин бармеояд, ки истилоҳоти илмҳои дақиқ истилоҳоти сохташудаи ин ё он илми соҳавӣ буда, дар нутқи рӯзмарраи одамон вонамехӯранд ва мафҳуми хоси илмиашон дар дараҷаи баланд қарор дорад, ки хусусияти фарқкунандаи дараҷаи мафҳуми онҳо маҳсуб меёбад. Хусусияти умумии истилоҳоти мазкур дар он зоҳир мегардад, ки дар ҳарду ҷанбаи илм истилоҳот вазифаи унвониро иҷро карда истодаанд. Дар мақола якчанд фарқияти назаррас дарҷ гардидааст, ки яке аз онҳо дар истилоҳоти илмҳои дақиқ умуман тобишҳои эмотсионалӣ ва тобишҳои маъноӣ дида намешаванд. Рангу бори маъноӣ тамоман дар онҳо вуҷуд надорад, аммо дар истилоҳоти илмҳои гуманитарӣ хусусиятҳои номбурдаро метавон дид. Инчунин, дар мақола фарқияти дигар нишон дода шудааст, ки он дар шакл ва сохтори истилоҳот дида мешавад, ба монанди нишон, аломат, рақам.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4 (117)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни