Historian2025
ФАРҲАНГИ ЛИБОС ДАР ҶОМЕАИ ЗАРДУШТӢ
Мақола дар заминаи истифодаи сарчашмаҳои хаттӣ (адабиёти динӣ) ва тасвирӣ (тасвирҳои барҷастаи шоҳону маликаҳо ва мубадон дар деворҳо, сағонаҳо, филизи бадеӣ, пайкараҳоихурди сафолӣ) хизмат кардаанд. Марҷаи таҳқиқотро либосҳои мардонаю занона, ҳамарӯза ва маросимӣ ташкил мекунанд. Муқаддас шуморидани ҷузъҳои алоҳидаи либос, хусусан пироҳани судра ва миёнбанди куштӣ таъкид карда шудааст. Муаллифон ба қадри имкон тавсифи ҳар як намуди либосро аз назари тарҳу сохт ва андозаю ранг баён кардаанд. Инчунин доир ба дигаргуншавии либоси зардуштиён то давраи муосир маълумот дода шудааст. Мавзуи мавриди баррасиро тавсифи ормони зебоии бонуи зардуштӣ ва нақши рангҳои ороишию молиданӣ барои ноил гардидан ба он мукаммал мегардонанд.
Сведения
- Журнал
- Historian
- Опубликовано
- 2025 · № 2 (42)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2709-7382
- Издатель
- ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА