Central AsianResearch Index

ФАРҲАНГИ ИҚТИСОДӢ ОМИЛИ АСОСИИ ТАЪМИНИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ

Дар мақола масъалаҳои умумии иқтисодиёти рақамӣ , санадҳои амалкунандаи иқтисодиёти рақамӣ , қисматҳои рақамикунонӣ дар иқтисодиёти рақамӣ ва муҳимияти таъмини ҳукумати электронӣ , алалхусус ғанигардонии фарҳанги иқтисодии шаҳрвандон мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Дар асоси таҳлили вазъи кунунии кишвар барои иҷро ва татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои давлатӣ дар самти ривоҷ додани рақамикунонӣ ва ё иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи коркарди маълумотҳо чунин пешниҳодҳо иброз гардид: таъмини манбаҳои молиявӣ ҷиҳати рушди иқтисоди рақамӣ, ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар таъмини рушди иқтисоди рақамӣ, фароҳам овардани шароити мусоид дар самти иқтисоди рақамӣ, мавҷудияти заминаи устувори инфраструктураи муайяни иқтисоди рақамӣ, шаффофияти идоракунии давлатӣ дар рақамикунонӣ ва иқтисоди рақамӣ ва ғ.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 4.2 (39)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет