Central AsianResearch Index

ФАЛСАФАИ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ: МОҲИЯТ, ХУСУСИЯТ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ШАХСИЯТ

Мақолаи мазкур ба таҳлили амиқи фалсафии арзиши таҳаммулпазирӣ ва нақши он дар раванди ташаккули шахсияти инсон дар шароити муосир бахшида шудааст. Муаллиф бо такя ба сарчашмаҳои муътамади илмӣ масъалаи мазкурро таҳлилу баррасӣ намуда, таҳаммулпазириро ҳамчун мафҳум ва системаи ҷаҳонбинӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифта, асосҳои назариявӣ ва таърихии он дар андешаи фалсафии Шарқ ва Ғарб, инчунин дар таълимоти ахлоқии динҳои ҷаҳонӣ, ба таври мухтасар таҳлил намудааст. Ҳамзамон, дар мақола таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар соҳаи таҳкими фарҳанги таҳаммулпазирӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, заминаҳои миллии рушди ин арзиш дар ҷомеаи Тоҷикистон таҳлил шудаанд. Дар мақола, тавсияҳои илмӣ-амалӣ ҷиҳати таҳкими мафкураи таҳаммулпазирӣ ва татбиқи он дар соҳаи маориф , фарҳанг ва сиёсати давлатӣ пешниҳод гардидаанд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан