Central AsianResearch Index

ФАЛСАФАИ ИҶТИМОИИ ВАҲДАТ ВА ҲАМГИРОӢ ДАР АФКОРИ АНДЕШАМАНДОНИ ТОҶИК

Дар маводи мазкур фалсафаи иҷтимоӣ , ғояҳои ваҳдат, ҳамгироӣ, адолат ва ҳамзистии осоишта дар афкори мутафаккирони бузурги тоҷику форс мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф бо истинод ба мероси илмию фалсафии чеҳраҳои барҷастае чун Абӯнаср Форобӣ, Закариёи Розӣ, Ибни Сино, Унсурулмаолии Кайковус, Носири Хусрав, Аҳмади Дониш ва дигарон собит месозад, ки мафҳуми ваҳдат дар тафаккури ниёгони мо ҳеҷ гоҳ маҳдуд ба доираи сиёсат набуда, балки чун падидаи амиқи ахлоқӣ, маънавӣ ва иҷтимоӣ арзёбӣ шудааст. Дар мавод нақши хирад, дониш, дӯстӣ, адолати иҷтимоӣ ва иттиҳоди унсурҳои гуногуни ҷомеа ҳамчун омили асосии пешрафт, субот ва бақои миллат ба риштаи тасвир кашида шудааст

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 11, № 3 (соц.-гум.)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3078-395X
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан