Central AsianResearch Index

ЭТИМОЛОГИЯИ ВОЖАИ “ЧӮРӢ”

Сарнавишти калимаи дар давраи имрӯза туркигунаи чӯрӣ баррасӣ шудааст. Дар заминаи маводи фарҳангномаҳои тафсириву тарҷумавӣ ва осори таҳқиқӣ гузаштаи дур доштани “ чӯрӣ ”нишон дода, решаи ҳиндуаврупоӣ доштани он собит шудааст. Дар осори адибони даврони асримиёнагӣ аз байни панҷ варианти калимаи мавриди таҳлил ( ёрӣ/ ҷорӣ/ ҷория / чӯрӣ / чуҳрӣ ) асосан се шакли он: ёрӣ, чуҳра ва ҷория мустаъмал аст. Маълум мешавад, ки аз даврони пешазмелодӣ то кунун ин унсури луғавӣ ба чанд шаклу маъно таҳаввул ёфта, имрӯз бештар дар гӯишҳои тоҷикии Тоҷикистон ва форсии Эрон ба гунаҳои вижа пойдор мондааст.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 98, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП