ЭЪТИҚОДИ ТОИСЛОМИИ ТУРКҲОИ ОСИЁИ МИЁНА
Масъалаи эътиқоди динии қавмҳои туркзабони Осиёи Миёна то омадани арабҳо ва ҷоришавии ислом баррасӣ шудааст. Мутобиқи маълумоти манбаъҳои таърихӣ ва адабиёти илмӣ маълум мегардад, ки дини туркҳои Осиёи Миёна монотеистӣ буд. Худои онҳо Тангри ном дошта, дар худ Худои ягона, Худои Осмон, офтобу оташро таҷассум мекард. Номи ин худо аз эътиқоди динии қадимтарини қавмҳои бодиянишини Осиёи Марказӣ маншаъ мегирад. Парастиши Тангри дар Осиёи Миёна дар зери таъсири ғояҳои эътиқодҳои маҳаллӣ бой гардид. Тангрипарастии туркҳо чун таълимоти зардуштия ғояҳои меҳрпарастиро дарбар мегирифт. Баробари ин як қисми туркҳо зери таъсири суғдиён пайрави дини зардуштӣ буданд. Онҳо ҳамчунин ба чанд мазҳабҳои дигар эътиқод менамуданд, аммо онҳоро ба таври куллӣ қабул накардаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 99, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП