Central AsianResearch Index

ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ ҲАМЧУН ТАҲДИД БА АМНИЯТ ВА СУБОТИ ҶОМЕА

Муаллифони ин мақола, кӯшиш намудаанд, то бо дар назардошти методҳои таҳлилӣ, муқоисавӣ ва пайдарҳамӣ масъалаҳои мухталифи экстремизми диниро мавриди баррасӣ қарор бидиҳанд. Экстремизми динӣ, ки солҳои охир яке аз масъалаҳои доғдори ҷомеаи башарист ва ниёз ба таҳқиқу баррасии комилро талаб менамояд, то ин зуҳуроти навпайдои номатлуб ҳар чи зудтар аз ҷомеа ҳазф карда шавад. Инчунин, муаллифон қайд намудаанд, ки экстремизм барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди бузург ба ҳисоб меравад. Аҳаммияти омӯзиши экстремизми динӣ бо он алоқаманд аст, ки ба амният ва устуворӣ, ягонагии ҳудудии давлати муайян таҳдидҳоро ба миён меорад. Мақсади экстремизми динӣ барангезиши нафрату адоват, фаъолияти номувофиқи динӣ мебошад, ки ба ғасби ҳокимият равона карда шудааст. Ғасби ҳокимият ба тағйири сохтори давлатӣ, истиқлолият ва ягонагии давлату давлатдорӣ оварда мерасонад. Пас аз солҳои 90-ум ба минтақа созмонҳои мухалифи хайрхоҳона ва фарҳангиву маърифатпарвар аз ҷаҳони ислом ворид шуданд. Созмону ташкилотҳои хайрхоҳона ва фарҳангиву маърифатӣ аз имкониятҳои худ васеъ истифода намуда, идеологияи худро ба таври мунтазам дар минтақа паҳн намуданд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан