ЭКСПЕДИТСИЯИ ҲАРБИЮ ИЛМИИ ШАҲРИСАБЗ (АВГУСТИ 1870)
Экспедитсияи ҳарбӣ-илмии Шаҳрисабз, ки тавассути артиши русҳо дар моҳи августи соли 1870 гузаронида шуда буд, баррасӣ шудааст. Сабабҳои комёбии экспедитсияи русҳо таҳти фармондеҳии А.К. Абрамов , ки ба ғоратгарии бекони Шаҳрисабз дар деҳаҳои назди сарҳади округи Зарафшон хотима гузошт, ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Ҳамчунин ангезаҳои фармондеҳии Русияи подшоҳӣ, таъсир ба сиёсати минтақа ва паёмадҳои таъмини субот дар минтақа баррасӣ шудааст. Рафти воқеаҳо аз лаҳзаи омодагӣ ба экспедитсия сар карда, то оқибатҳои пас аз озод кардани Шаҳрисабз ва ҳудудҳои атрофи он ба таври муфассалироа гардидааст. Тактикаи ҳуҷум, амалиёти ҷангӣ ва муносибатҳои мутақобилаи русҳо бо амири Бухоро Музаффар тасвир шудааст. Аҳаммияти ин экспедитсия ҳамчун омили ба эътидол овардани вазъи минтақа, саркӯб кардани бекҳои шӯришгар ва таъсиси назорат бар қаламравҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим таъкид шудааст. Ғайр аз ин, ба нақши экспедитсияҳои ҳарбӣ-илмӣ дар рушд ва омӯхтани ин минтақа, ки мавриди таваҷҷуҳи мутахассисони мухталиф гардидаанд, равшанӣ андохта шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 99, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП