Central AsianResearch Index

ДУРНАМОИ РУШДИ САВДОИ ЧАКАНАИ ШАҲРҲОИ ДУШАНБЕ ВА ХУҶАНД

Вожаҳои калидӣ: савдои чакана, дурнамои рушд, дастрасии нархӣ, рақобатпазирӣ, самаранокии иқтисодӣ, сифати хизматрасонии савдо, заминаи меъѐрӣ, ҳавасмандгардонии рушди савдои чакана Дурнамои рушди савдои чаканаи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баррасӣ шудааст. Мушкилоти рушди низоми савдои чаканаи шаҳрҳои зикршударо муайян карда шудаанд. Зикр шудааст, ки рушди минбаъдаи савдои чакана ва такмили сохтори он масъалаи муҳимми иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Асоснок карда шудааст, ки татбиқи имкониятҳои васеи савдои чаканаи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба баланд бардоштани самаранокии савдои чакана, дастрасии нархӣ, афзоиши номгӯи мол ва сифати баланди хизматрасонии савдо мусоидат менамояд. Дар асоси муайян кардани тамоюлҳои рушди савдои чаканаи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, афзалиятҳои асосии дурнамои рушди шабакаҳои савдои чаканаи шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ муайян шудаанд.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 1 (86)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП