ДУРНАМОИ РУШДИ ЌОНУНГУЗОРИИ ЉИНОЯТЇ ВОБАСТА БА ЉИНОЯТИ ТАХРИБКОРЇ
Маќолаи тањлилшаванда ба дурнамои рушди ќонунгузории љиноятии Љумњурии Тољикистон вобаста ба љинояти тахрибкорї дар партави тањдидњои муосири амниятї бахшида шудааст. Дар асоси тањлили криминологї ва њуќуќї нишон дода мешавад, ки шаклњои нави тахрибкорї , аз љумла, тахрибкории киберї , иттилоотї, иќтисодї ва экологї бо суръат рушд ёфта, зарурати васеъ намудани доираи таърифї ва таснифоти љиноятро ба миён меоранд. Муаллиф масъалањои тањкими љавобгарї, аз љумла, нисбат ба шахсони мансабдор ва субъектњои дорои имкониятњои махсус, љорї намудани меъёрњои алоњида барои омодасозї ва таълими шахс ба тахрибкорї , инчунин, мутобиќсозии ќонунгузории миллї ба санадњои байналмилалиро баррасї намудааст. Таваљљуњи махсус ба холигии меъёрї дар хусуси шаклњои тахрибкории дорои оќибатњои оммавї дода шудааст, ба монанди зањролудсозии оммавї , њамчунин, амалњое, ки ба пањншавии эпидемия , эпизоотия ва эпифитотия равона мешаванд. Хулосањои маќола ба такмили категорияњои њуќуќї, ташкили механизмњои пешгирии институтсионалї (мониторинг, њушдордињии бармањал, њифзи инфрасохтор) ва баланд бардоштани иќтидори њуќуќии муќовимат ба тањдидњои гибридї равона шудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4 (68)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2412-141X
- Издатель
- Академия Министерства внутренних дел Республики Таджикистан