ДУРНАМО ВА МУШКИЛОТИ ТАДҚИҚОТИ КОРПУСӢ ДАР МАРҲАЛАИ МУОСИРИ РУШДИ ЗАБОНШИНОСИИ АМАЛӢ
Мақолаи мазкур ба таҳлили дурнамо ва мушкилоти тадқиқоти корпусӣ дар марҳалаи муосири рушди забоншиносии амалӣ бахшида шудааст. Нақши корпусҳои калони матнӣ дар ҳалли вазифаҳои гуногуни забоншиносӣ, аз қабили шинохти автоматии нутқ, тарҷумаи мошинӣ, таҳлили матн ва ҷустуҷӯи иттилоот баррасӣ мегардад. Диққати махсус ба мушкилоти марбут ба таъсис, коркард ва истифодаи корпусҳо, аз ҷумла норасоии маълумоти аннотатсияшуда, мушкили намояндагӣ ё ифодакунии корпусҳо, масъалаҳои дастрасӣ ва паҳн кардани захираҳои корпусӣ равона карда шудааст. Дар мақола инчунин самтҳои нави рушди тадқиқоти корпусӣ, аз ҷумла истифодаи корпусҳои бисёрзабонӣ, корпусҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва таҳияи усулҳои нави таҳлилҳои маълумоти корпусӣ баррасӣ мегарданд. Дар анҷом, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва тавсияҳо оид ба рушди минбаъдаи тадқиқоти корпусӣ дар забоншиносии амалӣ пешниҳод мегарданд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 2 (115)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни