Central AsianResearch Index

Доирба тоҷикони Чин ва омилҳои рушди хушунат дар манотиқи марзӣ

Дар мақола сухан дар бораи тоҷикони Чин меравад, ки асосан дар уезди Тошқӯрғон-Тоҷики ноҳияи Кошғари вилояти мухтори Шинҷон-Уйғур зиндагӣ менамоянд. Ин минтақа яке аз манотиқи дурдасттарин ва душвордастраси Чин ба ҳисоб рафта, дар қарибии сарҳади давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон доман паҳн намудааст, Ошкор мешавад, ки ҳукумати Чин бар он кӯшиш дорад, ки тоҷикони муқими ин минтақаи мухторро бо истифода аз усулҳои қудрат барои бартараф кардани манфиатҳои иқтисодии аҳолии манотиқи наздимарзӣ, таъмини бехатарии долонҳои иқтисодӣнақлиѐтии байналмилалие, ки тавассути қаламрави ноҳияи мухтор мегузаранд, таъмини назорати пурраи минтақаҳои сарҳадӣ чун гурезаҳои иҷбории экологӣ истифода намояд. Рафту оқибатҳои ин муњољират, ки аз тарафи ҳукумати Чин дар уезди мухтори Тошқӯрғон-Тоҷики амалӣ карда мешавад, маврили таҳлил қарор гирифтааст. Хулоса мешавад, ки ба ин васила сарфи назар аз он ки, дараҷаи баланди назорати минтақаҳои наздисарҳадӣ нисбатан осон ба даст оварда мешавад, аммо татбиқи он дарчашмандози дарозмуддат ба фарҳанги халқҳои хурд ва амнияти худи давлат хатар дорад.

Сведения

Опубликовано
2019 · № 1 (58)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова