Central AsianResearch Index

ДОИРАИ ИСТИФОДАИ ПЕШВАНДГУНАҲОИ ДИЛВА СЕРДАР «ЁДДОШТҲО»-И САДРИДДИН АЙНӢ

Мақола ба омӯзиш ва таҳқиқи нақши калимасозии пешвандгунаҳои дилва сербахшида шудааст. Мавзуе, ки дар мақола баррасӣ шудааст, аз нигоҳи илмӣ актуалӣ буда, то имрӯз мавзуи мазкур мавриди таҳқиқи алоҳида сурат нагирифтааст. Дар мақола пеш аз нишон додани доираи истеъмоли пешвандгунаҳои дилва серсараввал бо истифодаи сарчашмаҳои илмиву адабии асрҳои гузашта сайри таърихӣ намуда, вазифаҳои дастурии морфемаҳои мазкурро бо овардани далелҳои арзишманд баён кардааст. Дар баробари ин мақоми пасвандҳоро дар осори илмии олимону донишмандони замони муосир дида баромада, ҷойгоҳи пасвандҳои мавриди таҳқиқ қароргирифтаро дар замони муосир аз диди муҳаққиқон баррасӣ кардаанд. Азбаски мавзуи асосии мақоларо омӯзиш ва баррасии пешвандгунаҳои дилва серташкил мекунад, муаллиф дар ҷараёни таҳқиқи моҳияти асосии масъала мақоми пасвандҳои мазкурро дар «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ нишон додааст. Дар баробари таҳлили маводҳои адабӣ доир ба истифодаи пешвандгунаҳои таҳқиқшаванда маълумоти оморӣ додааст. Баъд аз баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳимми баррасишаванда муаллиф дар хулоса нақши устод Айниро дар офаридани калимаҳои нави бо ин пешвандгунаҳо сохташуда, ки бевосита ба услуби фардии нависанда хос аст, нишон додааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 2 (115)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни