Central AsianResearch Index

ДОИРАИ ИСТЕЪМОЛИ СИФАТҲОИ МУРАККАБИ ПАЙВАСТ ДАР ЗАМИНАИ «ЁДДОШТҲО»-И САДРИДДИН АЙНӢ

Мақола ба омӯзиш ва таҳқиқи калимасозии сифатҳои мураккаби пайваст дар “Ёддоштҳо”-и С. Айнӣ бахшида шудааст. Мавзуе, ки дар мақола баррасӣ шудааст, аз нигоҳи илмӣ актуалӣ буда, то имрӯз мавзуи мазкур мавриди таҳқиқи алоҳида сурат нагирифтааст. Дар баробари ин мақоми калимасозии сифатҳои мураккаби пайваст дар осори илмии олимону донишмандони замони муосир дида баромада шуда, ҷойгоҳи ин усули калимасозӣ дар замони муосир аз диди муҳаққиқон баррасӣ карда шудааст. Азбаски мавзуи асосии мақоларо омӯзиш ва баррасии вижагиҳои сифатҳои мураккаби пайваст дар “Ёддоштҳо”-и С. Айнӣ ташкил мекунад, муаллиф дар ҷараёни таҳқиқи моҳияти асосии масъала мақоми ин усули калимасозиро дар «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ нишон додааст. Дар баробари таҳлили маводҳои адабӣ доир ба истифодаи пасванди таҳқиқшаванда маълумоти оморӣ дода шудааст. Баъд аз баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳимми баррасишаванда муаллиф дар хулоса нақши устод Айниро дар офаридани калимаҳои нави бо ин усул сохташуда, ки бевосита ба услуби фардии нависанда хос аст, нишон додааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 3 (116)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни