Central AsianResearch Index

ДОИР БА АВЗОНИ МАСНАВИҲОИ АСРИ XIV ВА НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XV

Мақола ба баррасии авзони маснавиҳои асри ХIV ва нимаи аввали садаи XV форсу тоҷик ихтисос ёфтааст.Тазаккур меравад, ки шоирони маснависарои давраи мавриди таҳқиқ дигаргунӣ ва таҳаввулоти ҷиддие доир ба вазнҳои маснавӣ ба анҷом нарасонида бошанд ҳам, дар ин замина кӯшиши навоварӣ ва суннатшиканӣ намудаанд.Қайд мешавад, ки бархе аз шоирон, мисли Хоҷуи Кирмонӣ дар “Ҳумой ва Ҳумоюн” ё Хатиби Форсӣ дар “Қаландарнома” ба хотири навоварӣ ва дурӣ аз якнавохтӣ даст ба ибтикор зада, сарфи назар аз мавзӯву муҳтавои асар авзонеро интихоб намудаанд, ки дар воқеъ барои мазомини дигар муносиб аст. Дар ин давра маснавиҳое ба мисли “Маҷмаъ-ул-баҳрайн”-и Котибии Нишопурӣ ба зуҳур омаданд, ки ба ду баҳр хонда мешуданд ва ё мисли “Даҳнома”-и Имоди Фақеҳ ба чанд вазн иншо шудаанд. Хулоса мешавад, ки маснавиҳои ин аҳд дар шаш аз ҳафт авзони маснавиҳои форсу тоҷик нигошта шуда, суннати ёздаҳҳиҷоии шеър дар онҳо риоя шудааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 2 (75)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова