ДОҒ – МАЗМУНСОЗТАРИН УНСУРИ ШЕЪРИ ЗУҲУРИИ ТУРШЕЗӢ
Унсури мазмунсозтарини ашъори Зуҳурии Туршезӣ (ваф.1615) доғ, ки дар девони ғазалиѐти шоир 574 маротиба корбаст шудааст, мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Таъкид мегардад, ки шоир ба ин калима тобишҳои маъноию услубии нав эҳдо мекунад, ба калима тавони тоза мебахшад ва бо ин роҳ мазмуни тоза меофарад. Муқоисаи ашъори Зуҳурӣ ва Бедил дар бобати истифодаи калимаи доғ сурат гирифтааст. Зикр шудааст, ки дар шеъри ӯ низ калимаи доғ аз ҷумлаи вожаҳои серистеъмол аст. Ҷадвали “Теъдоди истифодаи вожаҳои калидӣ дар девони Зуҳурӣ” пешниҳод гардидааст, ки 76 вожаро дар бар мегирад. Басомади истифодаи вожаҳои калидӣ аз 50 бор (ришта) то 1830 борро (дил) ташкил кардааст. Зуҳурӣ калимаи доғро бо вожаҳои ҳайронӣ, ваҳм, ҷаҳл, муҳаббат, ибрат, фурсат, хомӯшӣ, таманно, сӯхтан ҳамнишин месозад, ки онҳо то андозае ба маънои вожаи калидӣ тавсеа ва тақвият мебахшанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 2 (87)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП