Central AsianResearch Index

ДИДГОҲҲОИ СИРОҶИДДИН АЛИХОНИ ОРЗУ ДОИР БА ҶОЙГОҲИ МАЪНӢ ДАР ШЕЪР

Дидгоҳи Сироҷиддин Алихон Орзу — яке аз намояндагони барҷастаи ҳавзаи адабии шибҳи қораи Ҳинд — доир ба ҷойгоҳи маъно дар шеър бар пояи девони ашъори ӯ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Таъкид шудааст, ки дар сабки ҳиндӣ талоши шоирон барои ироаи маъноҳои тоза ва эҷоди «маънои бегона» — яъне маъноҳои ғайриодӣ ва ғайриинтизор, мақоми меҳвариро ишғол мекунад. Ҷустуҷӯи тозагӣ ва тасвирҳои шигифтангез қариб дар осори тамоми пайравони ин сабк ба мушоҳида мерасад. Ба ақидаи муҳаққиқи шинохтаи ин сабк Н. И. Пригарина, ин падида «натиҷаи дарки рукуди анъанаи чандасраи такрори санъатҳои бадеии якранг аз ҷониби шоирони забардаст» мебошад. Шоирони номдор, аз ҷумла Соиби Табрезӣ, Шавкати Бухороӣ ва Бедили Деҳлавӣ , борҳо бар тозагии маъно дар ашъори худ таъкид варзида, зимнан фаҳмишу тафсири хешро аз «маънои бегона» баён доштаанд, ки ин барои дарки вижагиҳои адабию эстетикии сабки ҳиндӣ мусоидат менамояд. Дар ин росто, маҳорати маъниофаринии Шавкати Бухороӣ , Бедили Деҳлавӣ ва Возеҳ аз нигоҳи тавлиди мазмунҳои асил ва « маънои бегона» мавриди арзёбии муқоисавӣ қарор гирифтааст.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 107, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП