Central AsianResearch Index

ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ ТРУДОВЫХ МИГРАНТОВ ГБАО В ГОРОДЕ МОСКВЕ

Мақола ба масъалаи сабабҳои асосии дар пойтахти Федератсияи Россия шаҳри Москва ҳамчун муҳоҷирони меҳнатӣ манзил гирифтани меҳнаткашони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида шудааст. Дар шароити ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва минбаъд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳоҷирати меҳнатӣ, ба яке аз масъалаҳои муҳимми стратегияи сиёсати давлатӣ оид ба кор ҷалб намудани аҳолӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ, муаллиф ба маводи боэътимод такя карда, ҷараёни муҳоҷирати меҳнатиро чун воқеа ва воситаи муҳимми беҳтар кардани шароити иҷтимоӣ иқтисодӣ ва ҳамзамон баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардум ҳамаҷониба таҳлилу таҳқиқ кардааст. Дар ин давра махсусан шаҳрвандони ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон, аз ҷумла, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дараҷаи зиндагонашон нисбати шаҳрвандони шаҳр пасттар ба назар мерасид, барои аз ин душворӣ баромадан онҳо роҳи муҳоҷирати меҳнатиро пеш гирифтанд. Бо мақсади ҳамаҷониба ҳифз кардани ҳуқуқ ва шароити кору зиндагӣ дар шаҳри Маскав диаспору ташкилоти ҷамъиятӣ таъсис ёфтанд, ки аз байни онҳо Ташкилоти ҷамъиятии «Нур» фаъолияти самараноку касбӣ нишон медод. Дар муддати зиёда аз 30-соли фаъолияти корӣ муҳоҷирони меҳнатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаҳои мухталифи истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва дигар ҷабҳаҳои ҳаёт таҷрибаи муайяне ба даст оварданд, ки дар ин хусус, сухан меравад. Ба ҷуз ин муаллиф ба масъалаи мавқеъ ва ҷойи муҳоҷирони меҳнатӣ бо якҷоягии диаспораҳо ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар байни намояндагони миллату халқиятҳои шаҳри Маскав паҳн ва ҳифз намудани маданияти қадиму бойи моддӣ ва маънавии халқи тоҷик таваҷҷуҳи бештар додааст.

Сведения

Журнал
Historian
Опубликовано
2024 · № 3 (38)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Русский
ISSN
2709-7382
Издатель
ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА