Central AsianResearch Index

«ДЕВОН-УЛ-АДАБ»-И ФОРОБӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ФАРҲАНГНИГОРИИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ

Омилҳои пайдоиш ва рушди фарҳангҳои дузабонаи арабӣ-тоҷикӣ (форсӣ) баррасӣ шудааст. Исбот шудааст, ки он ҳамчун падидаи илмӣ зери таъсири фарҳангнигории арабӣ ба вуқуъ омадааст. Марҳалаҳои шаклгирии фаршангнигории арабӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Зикр гардидааст, ки дар марҳалаҳои ташаккул ва рушди он ду навъи фарҳангҳо ба вуҷуд омаданд: 1. Фарҳангҳои мавзуӣ-маъноӣ 2. Фарҳангҳои таҳлилӣ-морфологӣ. Сабабҳо ва омилҳои пайдо шудани чунин фарҳангҳо ва хусусиятҳои лексикографии онҳо дар мисоли чунин фарҳангҳо, аз қабили “Ғароиб-ул-Қуръон ”, «Девон-ул-адаб»-и Форобӣ , «Ас-сомӣ фӣ-л-асомӣ»-и Абулфазли Майдонӣ, «Китоб-ул-масодир»-и Завзанӣ, «Тоҷ-ул-масодир»-и Абуҷаъфари Байҳақӣ, «Муқаддимат-ул-адаб»-и Замахшарӣ, «Қонун-ул-адаб»-и Тифлисӣ ва ғайраҳо матраҳ шудааст. Мулоҳизае мудаллал сохта шудааст, ки дар ташаккул ва рушди минбаъдаи фарҳангнигории дузабона нақши фарҳангҳои тафсирии арабӣ ва, пеш аз ҳама, “Девон-ул адаб”Форобӣ бисёр муассир аст. Бисёре аз масоили таърихи ташаккул ва рушди минбаъдаи ин равияи фарҳангнигории форсӣ-тоҷикиро бидуни омӯзиши ҳамаҷонибаи фарҳангнигории арабӣ, бавежа ду қарни аввали пайдиш ва рушди он таҳқиқ намудан аз имкон берун аст.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 97, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП