ДАРОМАДИ АҲОЛӢ ВА ОМИЛҲОИ НОБАРОБАРИИ ОН
Муаммоҳои баланд бардоштани даромади аҳолии минтақа мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Омилҳои асосии нобаробарии даромади аҳолӣ ошкор гардида, ногузирии ҷой доштани нобаробарӣ ҳамчун фишанги ҳавасмандгардонии фаъолияти иқтисодӣ ва зарурати коҳиш додани нобаробарии баланд, ки аз меъёр инҳироф мекунад, зикр шудааст. Дар асоси таҳлили сохтори дохилисоҳавии музди меҳнат роҳҳои асосии коҳиш додани набаробарии даромади аҳолӣ пешкаш карда шудааст. Хулоса шудааст, ки баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони соҳаҳои гуногун, тағйирдиҳии сифати меҳнат аз ҳисоби васеъ гардонидани фаъолияти эҷодӣ ва рушди инноватсионии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи асосии коҳиши нобаробарии даромади аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 102, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП