ДАР БОРАИ ОМУЗИШИ МЕХАНИЗМИ ИДОРАКУНИИ РУШДИ УСТУВОРИ МИНТАҚА
Равишҳои асосӣ ба истилоҳоти “ идоракунии минтақавӣ ” ва “ механизми идоракунии минтақавӣ ” баррасӣ шудааст, қонуниятҳои асосии идоракунии минтақавӣ ҷудо карда шудаанд, принсипҳои он аниқ ва вазифаҳои рӯзмарраи он ҷамъбаст карда шудаанд. Муқаррароти асосии равиши арзишманд ба ҳалли вазифаҳои идоракунӣ дар буриши дискурси минтақавю иқтисодӣ ошкор ва ҷои арзишҳо дар сохтори муносибатҳои иқтисодӣ муайян карда шудааст. Истифодаи равиши арзишманд ба арзёбии сатҳи рушди устувори ҳудудҳо асоснок карда шудааст. Тавсифи аломатҳои мақсадноки агентҳои иқтисодӣ, ки таҳти таъсири консепсияи рушди устувор ташаккул ёфтаанд, пешниҳод гардидааст. Базиси назариявии таҳқиқ имкони таҳияи механизми ташкилию иқтисодии идоракунии рушди устувори минтақивиро дар буриши амалигардонии арзишҳои аҳолӣ, бизнесҷомеаҳо ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ фароҳам сохтааст. Принсипҳои идоракунӣ , ки татбиқи онҳо ба баланд бардоштани самаранокии қарорҳои идоракунии қабулшаванда мусоидат мекунад, муфассалан тавсиф гардидаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 100, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Казахский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП