Central AsianResearch Index

ДАР БОРАИ АҲАМИЯТИ ТА ЪЛИМИ ВА ҶАНБАҲОИ МЕТОДОЛОГИИ ТАЪРИХИ

Дар мақола оид ба нақши методологияи ташаккули ҷаҳонбинии донишҷӯён ва ба он эҳтиёҷ доштани омӯзгорон баррасӣ мешавад. Таъкид шудааст, ки методикаи таълими математика дар низоми таълим мавқеи муайян дорад, ки танҳо аз баъзе усулу методологияи педагогика ҳамчун санъати таълим истифода мебарад ва боқӣ таълими он ба донишҳои математикӣ ва мантиқӣ такя мекунад. Дар мақола андеша меравад, ки тавассути методология ва методҳои гуногун бедорсозии шавқу рагбати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии миёна ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба математика ва ҷаҳонбинии умумии онҳо афзун мегардад. Муаллиф таклиф кардааст, ки зиёд намудани шавқи кӯдак ба фанни математика дар синни томактабӣ ба роҳ монда шавад. Дар мақола дар бораи маводи математикӣ, ки таъсири баланд дорад, метавонад барои бедор кардани завқи хонанда барои азхудкунии дониши дигар низ мусоидат кунад. Таъкид шудааст, ки масъалаи ташаккул додани шавқу ҳаваси маърифатии хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии педагогӣ ба математика яке аз масъалаҳои муҳими педагогика ва методикаи таълим ба шумор меравад. Математика ҳамчун илми асосӣ ба дигар фанҳо татбиқ гардида, қариб ба ҳамаи донишҳои инсонӣ алоқаманд мебошад. шавқу ҳаваси хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбиро ба математика омӯзгорон ва устодон бедор месозанд. Ғайр аз ин, ба ақидаи мо дар ташаккул додани шавқу ҳаваси маърифатии хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ба математика истифодаи мақолаву адабиёти илмӣ-оммавӣ; таърихӣ-математикӣ; чистонҳо, ребусҳо ва гайра манфиатовар хоҳад буд. Тибқи андешаи муаллиф масъалаи нақши методика ва методологияи таълими математика дар ташаккул додани шавқу ҳавас ва ташаккули ҷаҳонбинии умумии онҳо дар системаи таълими ин фан - масъалаи мубрами педагогика ва математика ба шумор меравад.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 3 (72)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова