Central AsianResearch Index

ЧАНД ВИЖАГИИ ХОСИ ЗАБОНИ ШЕЪРИ ГУЛНАЗАР

Мусаллам аст, ки забон ифодакунандаи ҳамаи корҳову ҳодисаҳо, ашёву инсонҳо, ҳолатҳои руҳиву фарояндҳои зеҳнӣ ва муносибатҳои олами берун ва дунёи ботинии мо мебошад. Воқеан, адабиёт аз забон таркиб меёбад. Арзиши ҳунарии шоирро аз муҳтавои асар дида, забони асар беҳтару осонтар муаррифӣ карда метавонад. Аз ин ваҷҳ, Гулназар дар натиҷаи ба даст овардани таҷрибаҳо дар корбурди вожаҳо сабки фардии худро касб кардааст. Дарунмояи шеъри Гулназар бо забон муносибати қавӣ дошта, ӯ барои ҷилавгирӣ аз фасоди забони шеър аз истифодаи таносубҳои забонзадаю обшуста даст кашидааст. Таҳкурсии забони шеъри Гулназарро падидаҳои гуногунзамонӣ ва ҳамзамонӣ созмон додаанд. Дар шеъри ӯ забон ба ҳунар табдил ёфта, боиси тавлиди зебоии сухан шудааст. Забони шеъраш бо тафаккури шоир тавъаманд. Гулназар бидуни зарурат аз корбурди калимаҳои иқтибосӣ канораҷӯӣ кардааст. Шоир бо ду роҳ-мусиқоӣ ва забоншиносӣ ба растохези калимаҳои шеъраш замина гузоштааст. Гулназар аз ҳодисаҳои савтӣ, алалхусус, ихтисору афзоиш огоҳона ва тибқи тақозои вазни шеър истифода бурдааст. Баъзан ин ҳодисаҳо шеърашро равон, калимаҳоро суфта ва ба гӯйишҳои мардумӣ наздик кардаанд. Шоир тибқи имкониятҳои сарфии забони тоҷикӣ чанд калимаи нав низ сохтааст, ки лоластон, ҷунуноб, мусофирмурғакон, мушкилсабз, бунёдсифрак ва гиреҳобичаҳо аз он ҷумлаанд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 5 (118)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Русский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни