Central AsianResearch Index

ЧАНД СУХАН ОИД БА АВЗОНИ АШЪОРИ КИСОИИ МАРВАЗӢ

Авзони ашъори бозмондаи шоири барҷастаи нимаи дувуми асри Х ва оғози асри ХI Кисоии Марвазӣ ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Зикр гардидааст, ки ҳангоми таҳқиқи ашъори шоирони давраи Сомонӣ, ки девони онҳо то ба рӯзҳои мо омада нарасидааст, вазни шеър на аз рӯи мансубияти жанрӣ, балки тибқи порчаҳои шеърӣ муайян карда мешаванд. Баҳр ва авзони шеърҳои бозмондаи Кисоӣ ба тариқи зайл тасниф карда шудааст: ҳазаҷ – 23 порчаи шеърӣ, рамал – 13, мутақориб – 2, музореъ – 28, муҷтас – 21, хафиф – 14, мунсареҳ – 7, сареъ – 4 порчаи шеърӣ. Хулоса шудааст, ки вазни аз ҳама серистеъмол ҳазаҷ , авзони хафиф ва рамал муътадилистеъмол мебошанд. Вазнҳои сареъ, мунсареҳ ва мунтақориб ба қатори вазнҳои камистеъмол дохил мешаванд. Таҳлили интиқодии мақолаи П.Назирова, ки дар адабиётшиносии тоҷик мақолаи ягонаи бахшида ба мавзуи мавриди баҳс маҳсуб мегардад, сурат гирифтааст.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 108, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП