Central AsianResearch Index

ЧАНД СУХАН ДАР БОРАИ МАВҚЕИ МУАРРАБОТ ДАР ФАРҲАНГИ “ДОНИШНОМАИ ҚАДАРХОН”

Инъикос ёфтани вожаҳои муарраб дар фарҳангҳои тафсирии форсии тоҷикии асрҳои Х1-ХУ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.Зикр гардидааст, ки ҳарчанд вожаҳои муарраб дар ҳамаи ҳафт фарҳанги дар садаҳои Х-ХУ дар Хуросону шибҳи қораи Ҳинд таълифшуда ба назар мерасанд, худи истилоҳҳои таъриб ва муарраб дар ин фарҳангҳо ба нудрат истифода шудаанд. Вожаҳои муарраби дар “Донишномаи Қадархон” дарҷ шуда асосан бо усули табдил ва иловашавии ҳарф созмон ёфтаанд. Муаллиф дар баъзе мавридҳо дар моддаи луғавӣ ҳам гунаи асл ва ҳам гунаи муаррабро овардааст. Вожаҳои муаррабро аз ал-Форуқӣ бештар бо муродифоти тоҷикӣ, ҳиндӣ, арабии онҳо шарҳ додааст. Аз лиҳози баромад аксари муарработ аз забони форсии тоҷикӣ, аҳёнан аз сурёнӣ, юнонӣ ва санскрит ба забони арабӣ гузаштаанд.

Сведения

Опубликовано
2025 · Т. 104, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП