ЧАНД МУЛОҲИЗА ДАР БОРАИ ЯК ВОҲИДИ ФРАЗЕОЛОГӢ
Яке аз ҳодисаҳои хеле ҷолиби забонӣ-дар гунаи мухаффаф ё кӯтоҳшуда корбаст гардидани воҳидҳои фразеологӣ дар мисоли ВФ на сих сӯзад, на кабоб мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Вижагиҳои истифодаи ВФ мазкур дар асоси маводи фарҳангҳои тафсирии асрҳои миёна ва муосир, фарҳангҳои ибораҳои рехта, фарҳангҳои зарбулмасалу мақол ва луғатҳои дузабонаи тоҷикӣ-русӣ, русӣ-тоҷикӣ, форсӣ-русӣ, русӣ-форсӣ ба таҳлил кашида шудааст. Зикр гардидааст, ки ВФ реалияҳои давраи муайяни таърихи халқро инъикос мекунанд ва бо мурури замон дар баъзе мавридҳо робитаи байни маънои таҳтуллафзии ВФ ва маънои маҷозии он пурра аз байн меравад. Гунаи аслии ВФ-и мавриди таҳқиқ “на сих сӯзад, на кабоб хом монад” бо мисол аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддини Румӣ ошкор карда шудааст. Исбот шудааст, ки дар натиҷаи ҳазфи ё афтидани хабари номии ҷумлаи содаи дувуми (хом монад) ҷумлаи мураккаби пайваст, ки ВФ аз он иборат аст, амали хабари ҷумлаи якум (сӯзад) ба ҷузъи боқимондаи ҷумлаи дувум ( кабоб ) паҳн шудааст, ки ин боиси номавзунӣ ва номутобиқатии идроки ВФ дар зеҳни хонанда мегардад.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · Т. 90, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП