Central AsianResearch Index

ЧАНД МУЛОҲИЗА ДАР БОРАИ ИСТИЛОҲИ “ИҶТИМОИГАРДОНӢ”

Истилоҳи “иҷтимоигардонӣ” (“социализация”) ва вариантҳои он ба риштаи таҳлил кашида, дар бораи тарҷумаю истифодаи истилоҳот изҳори ақида шудааст. Зикр гардидааст, ки истилоҳот аз қадимулайём яке аз воҳидҳои асосии лексикаи забон буда, ба инкишофи таърихӣ ва такмили он саҳми вижа мегузоранд. Истилоҳоти байнисоҳавӣ чун омили ғановати забон ва истифодаи онҳо аз нуқтаи назари пайдоиш, маъно ва ҳаҷм доропи аҳамияти махсус дорад. Зарурати муносибати ҷиддӣ ва босалоҳияти мутахассисон ба истифодаи лексикаи махсус ба мақсади нигоҳ доштани мутобиқати шифоҳӣ (вербалӣ), соҳавӣ ва илмӣ таҳкиқ шудааст. Дар акси ҳол истилоҳот якмаъноияшро аз даст дода сермаъноӣ касб мекунад ва дар натиҷаи духўрагӣ нофаҳмо мешавад ва таъиноташро иҷро карда наметавонад.

Сведения

Опубликовано
2022 · Т. 90, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП