Central AsianResearch Index

БОЗТОБИ СУННАТҲОИ ИНСОНПАРВАРОНАИ НАВРӮЗ ДАР ОСОРИ СОРБОН

Дар ин мақола доир ба инъикоси ҷашни Наврӯз дар осори Сорбон буда, аз суннатҳои инсонпарваронаи ин ҷашни бостонии аҷдодӣ сухан меравад. Сорбон бештар ба мазмуну муҳтавои суннатҳои ин ҷашни бузург таваҷҷуҳ намуда, тавассути суннатҳои ин ид асолати онро кушодааст. Суннатҳои Наврӯз чун маҷмуаи хираду маърифат дар худ фарҳангу тамаддуни ҳазорсоларо ғунҷоиш дода, миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ бори дигар чун миллати соҳибтамаддун ва фарҳангсолор муаррифӣ намуд. Ҳанӯз аз аҳди бостон миёни занҳои суғду бохтар аз ҳунарҳои аспсаворӣ, шамшерзанӣ, тирандозӣ баҳравар буда, дар набард бо душман мисли мардон паҳлавонӣ ва шуҷоату далерӣ нишон медоданд. Таҳмина низ дар гуштингири мардонро мағлуб намуда, номи паҳлавониро мегирад. Дар ҳикояи “Бодбарак” суннати талабгор шудани духтарони интихобнамуда дар сарнавишти писараки танҳо-Маҷид эҳё шудааст. Сорбон дар тамоми осораш аз ин ҷашни фархунда, ки як ҷузъи фарҳанги миллии мо тоҷикон маҳсуб мешавад, таъкид намудааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 3 (116)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни