Central AsianResearch Index

БОЗТОБИ РАНГҲО ДАР ТАВСИФОТИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ (дар заминаи маводи “Маснавии маънавӣ”)

Дар мақола муаллиф масъалаи инъикоси сифатҳои аслии ифодагари мафҳуми рангро дар асоси маводи “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба моҳияти истилоҳи ранг, тафсири луғавию маъноии рангҳои асил , аз қабили сапед, сиёҳ, сурх, зард, кабуд, сабз, ки дар матни ҳикоятҳои “Маснавии маънавӣ” бо ҷилоҳои гуногун истеъмол ёфтаанд, маълумот додааст. Дар робита ба ин масъала зикр карда мешавад, ки сифатҳои аслии мазкур дар забони асар чун заминаи пайдоиши санъатҳои бадеие, амсоли тавсиф , сифатчинӣ, мутародиф, мутазод ва маҷоз (киноя, рамз) хизмат кардаанд. Маънои аслии сифатҳои ифодагари мафҳуми ранг дар асоси фарҳангномаҳои тафсирӣ тавзеҳ дода шуда, тобишҳои маҷозию иловагӣ касб кардани чунин сифатҳо дар ҷойе тибқи анъанаҳои муқарраргардида ба кор рафта, дар мавридҳои дигар ҷилои маъноии нав касб намуда, корбурди онҳо ба маҳорати суханварию сатҳи забондонии Мавлонои Балхӣ марбут мебошад. Нақши сифатҳои аслии ифодакунандаи мафҳуми ранг дар сохтани калимаҳои мураккаб , ибораҳои фразеологӣ , ба вуҷуд омадани қатори синонимӣ ва антонимӣ паҳлуи дигари таҳқиқро ташкил додааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 2 (115)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни