БОЗТОБИ МАВЗУЪҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР ШЕЪРИ ГУЛНАЗАР
Тавре ки аз таҳқиқоти шеърҳои Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бармеояд, мавсуф дар баробари шоири лирик буданаш яке аз шоирони маъруфи иҷтимоъгаро буда, натанҳо бо ашъори малеҳи лирикӣ, инчунин бо шеърҳои муассиру воқеъбинонаи иҷтимоияш низ дар адабиёти солҳои охири замони Шуравӣ ва даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар адабиёти тоҷик мақоми шоистае касб кардааст. Барои ба дараҷаи шахсияти иҷтимоӣ пухта расиданаш ба ӯ чор омили иҷтимоӣ муассир будаанд. Ӯ бо маънои томаш, фарзанди айёми худ буд. Ба ҳодисаву воқеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ бетарафӣ зоҳир намекард. Аз ин ваҷҳ, асари онҳо дар шеъраш бармало ба мушоҳида мерасад. Шоир ба хотири ғоя шеъриятро сарфи назар накардааст. Шеърҳои иҷтимоии ӯ дар мавзуъҳои гуногун ва доманфарох рӯйи коғаз омадаанд. Вай аз ҳар падидаи хуб меболид ва ҳар падидаи номатлубро мавриди интиқоду эътироз қарор медод. Вазъи сиёсиву иҷтимоии солҳои охири Шуравӣ ва солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шеъраш воқеъбинона инъикос ёфтаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 1 (114)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни