БОЗТОБИ ЧЕҲРАҲОИ АДАБИИ БУХОРО ДАР «ЁДДОШТҲО»-И САДРИДДИН АЙНӢ
Зикр гардидааст, ки баррасӣ ва огоҳӣ аз осори адибони пешқадам афкору андешаҳои иҷтимоӣ ва адабию фарҳангиро инкишоф медиҳад . «Ёддоштҳо», ки охирин асари Садриддин Айнӣ мебошад, воқеаҳои зиёди таърихию бадеиро дар бар гирифта, бозтоби симои равшанфикрон ва зиёиён яке аз мавзуъҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Нависанда бештар дар қисми сеюми асар дар бораи шоирон ва адабиётдӯстон маълумот дода, дар қисмҳои дигар баъзеи онҳоро ёдовар мешавад. Дар “Ёддоштҳо” Садри Зиё, Аҳмади Дониш, Шамсиддин Шоҳин, Ҳайрат, Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, Абдулмаҷиди Зуфунун, Яҳёхоҷа, Содиқхоҷаи Гулшанӣ, Мирзо Азими Сомии Бустонӣ, Абдулвоҳиди Садри Сарир ва дигарон, ки дар ташаккули фарҳангу адаби халқи тоҷик нақши муҳим гузоштаанд, тасвир шудаанд. Муаллиф дар асоси таҳқиқи муқоисавии матнҳои чопии “Ёддоштҳо” оид ба ин чеҳраҳои адабии Бухоро сухан ронда, саҳми устод Айниро дар арҷгузорӣ ба шахсиятҳои адабӣ баён намудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 98, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП