Бозтоби бадеии тимсоли Маҷнун дар ғазалиёти Сайидои насафӣ
Мақола дар бораи ҳунари сухангустарии Сайидои Насафӣ баҳс карда, дар он як рукни поэтикаи ғазалиѐти суханваркорбасти санъати талмеҳ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтааст. Муаллиф кӯшиш кардааст, ки мақоми тимсоли Маҷнунро, ки ифодагари образи ошиқи ҳақиқӣ дар шеър аст, дар мазмунсозиву маъниофариҳои Сайидои Насафӣ бозгӯ намояд. Аз таҳқиқи мавзӯи мавриди назар муаллиф ба чунин натиҷа расидааст, ки дар ғазалиѐти Сайидои Насафӣ тимсоли Маҷнун басомади зиѐд дошта, барои ифодаи андешаҳои пурдоманаи суханвар хизмат кардааст. Тазаккур меравад, ки шоир образи Маҷнунро ҳамчун муҷассамаи ошиқи содиқу вафодор ва устувор дар ҷодаи ишқ шинохта, дар баѐни афкору андешаҳои шоиронаи хеш ба касрат истифода намудааст. Гуфта мешавад, ки тимсоли Маҷнун мисраву абѐти Сайидоро аз ҳайси ҳунарӣ таъмин сохта, аз воқеияти ривоятии худ берун ҷаста, ҳамчун тимсоли бадеӣ дар ифодаи ҳиссиѐт ва шӯру ҳаяҷони қаҳрамони лирикии ғазалиѐти Сайидои Насафӣ нақш бозидааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2019 · № 2 (59)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова