БОЗОРИ КОЃАЗЊОИ ЌИМАТНОК: МУАММО ВА ТАМОЮЛИ РУШД
Дар мақола муаллифон бахши бозори коѓазҳои қиматноки кишварро мавриди таҳлил қарор додаанд. Муаллифон ин бахши ниҳоят муҳими бозори молиявии кишварро таҳлил намуда, муаммоҳо ва бартариҳои дар ин самт ба даст омадаро ифшо намудаанд. Аз ҷумла, дар мақола муаллифон бозори коѓазҳои қиматноки давлатиро мавриди баррасї қарор дода, иброз доштаанд, ки вомбаргҳои аз тарафи Бонки миллии Тољикистон ва Вазорати молияи Љумҳурии Тољикистон баровардашуда асосан на барои маблағгузории бахши воқеї ва таъмини рушди иқтисодї, балки барои ҳалли мушкилоти буља равона гардидаанд. Њамчунин, муаллифон иброз доштаанд, ки бо назардошти хусусияти кўтоҳмуддатии коғазҳои 76 қиматнок, маблағҳои тавассути сегменти коғазҳои қиматноки давлатї сафарбаршуда дар айни замон наметавонанд ҳам барои сафарбар намудани воситаҳои озоди иштирокчиёни бозори молиявї ва ҳам барои истифодаи ин захираҳо љиҳати маблағгузории лоиҳаҳои дарозмуњлати инноватсионї дар корхонаҳои воқеї пурра мавриди истифода қарор дода шаванд.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 4.1 (29)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет