БОЗИҲОИ ДИДАКТИКӢ ОМИЛИ РУШДИ ХОНАНДАГОН ҲАНГОМИ ОМӮЗИШИ ФАННИ МАТЕМАТИКА
Дар мақола нақши бозиҳои дидактикӣ дар омӯзиши фанни математика ва шавқовар кардани фанни мазкур барои шогирдон, инчунин роҳҳои ҳавасмандгардонии онҳо ба омӯзиши ин фан ва фанҳои дигар ба роҳ монда шудааст. Ба андешаи муаллиф бозиҳои интихобшаванда набояд тасодуфӣ ва бемақсад бошанд, зеро бозиҳои ба мавзуи дарс мувофиқ набуда, самарнок нестанд ва ҳатто баъзан беҳуда ва бемаънист. Муаллим бояд мазмуну мундариҷаи бозиро омӯзад, пешакӣ гуфта тавонад, ки истифодаи ин бозӣ дар дарс чӣ натиҷаҳо медиҳад. Инчунин бозӣ бояд бо маҳорати баланд ва устодона истифода гардад, то кӯдакон аз истифода кардани ин бозӣ дар дарс манфиат бинанд ва дониши онҳо такмил ёбад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан